Имрӯз ҳам ҳаво номусоид аст. Селу барфу борони рӯзи якшанбе дар баъзе шаҳру ноҳия
Оҷонсӣ боду ҳавошиносии Тоҷикистон аз идомаи ҳавои номусоид дар кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои Оҷонсӣ боронбориҳое, ки дар пай се доранд аз эҳтимол дур нест ва бар пайи боронҳо оби дарёҳо баланд мешавад.
Ҳушдори ин ниҳод дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе бар пайи якбора паст шудани ҳарорати ҳаво дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар борон ба барф табдил шуд. Дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои дигар бар пайи боронгариҳои шадид сел омад.
Аз ҷумла дар ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон барф борид, ки ҳаракати нақлиётро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ душвор кард. Субҳи 22-май ин роҳ барои чанд муддат баста шуд ва ширкати IRS хабар дод, ки роҳ барои равуои дутурафа боз шудааст.
Бар асари омадани кӯҳпора дар километри 153-уми шоҳроҳ ҳаракати нақлиёт низ муваққатан манъ шуда буд.
Субҳи 23-юми май ин ширкат хабар дод, ки роҳ боз аст ва мусофирон метавонанд бемушкил сафар кунанд.
Ҳамчунин аз дар ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони мастчоҳи вилояти Суғд борони шадид ба барф табдил шуда, дар баъзе мавзеҳои ин навоҳӣ барфи аз интизор берун боридааст. Дар ҳоли ҳозир аз зарари расида аз ин барфбориҳо чизе гуфта нашудааст.
Дар ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара низ бар пайи борони шадиди рӯзи якшанбе сел омадааст, ки аксу наворҳои онро корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд.
Сарчашма: asiaplustj.info
Комментарии (0)