< Афзоиши рекордии гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Афзоиши рекордии гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ

Афзоиши рекордии гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ

Хаҷми муомилоти молӣ байни ҷумҳурӣ ва ИДМ дар соли ҷорӣ рушди назаррас дошта, аммо содирот беш аз се маротиба нисбат ба воридот камтар будааст

Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 901 миллион долларро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, савдо бо кишварҳои ИДМ 53,7% гардиши умумии муомилотро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки нишондиҳанда 43 фисади афзоши гардиши колоро ташкил медиҳад.

Ба таъкиди Хадамоти гумрук, афзоиши савдо танҳо бо кишварҳои Туркманистон - 4,8, Русия - 1,7, Белорус - 1,7 баробар афзоиш ёфтааст.

Қаблан Оҷонсии омори кишвар гуфта буд, ки шарикони аслии тиҷоратӣ кишвар бо шарикони ИДМ Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистонанд.

Ҳаҷми муомилоти мол бо Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион доллар, бо Қазоқистон беш аз 353,9 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 132,9 миллион долларро ташкил додааст.

Бино ба додаҳои Хадамоти гумрук тиҷорати кишвар бо дигар кишварзҳои ИДМ аз ҷабили Арманистон, Молдова, Украина ва Қиргизистон ба сатҳи поён расидааст.

Бино ба гузориши хабаргузории "Авеста" тавозуни савдо бо кишварҳои ИДМ манфӣ буда, воридоти мол аз содирот беш аз 3,1 баробар зиёд будааст.

Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба ин кишварҳо ба маблағи беш аз 217,7 миллион доллар коло содир карда, ба маблағи беш аз 683,3 миллион доллар ворид сохтааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон то охири соли 2021 додугирифти худро бо кишварҳои ИДМ ба сатҳи рекордӣ расонд. Ҳаҷми он беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28 фоиз зиёд аст.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий