Чаро “Дурахшандагон” намедурахшад? Аз мушкили таҳсилу забондонӣ то норасоии маблағу раводид
Дар ҷаласаи охири ҳукумати Тоҷикистон, масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагоне, ки дар асоси стипендияи байналмилалии президенти Тоҷикистон - “Дурахшандагон” дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нигаронӣ кардааст, ки “ҳарчанд шумораи зиёди хатмкардагон ба ҷойҳои корӣ ҳозир шудаанд, вале аз рӯйи таҳлилҳо маълум мегардад, ки 31,8 фоиз тибқи тартиби муқарраргардида амал накардаанд”.
Дар робита ба ин, раисҷумҳур вазорату идораҳоро вазифадор кардааст, ки барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки ба василаи стипендияи “Дурахшандагон” муассисаҳои олӣ ва илмии давлатҳои хориҷиро хатм кардаанд, мусоидат намоянд.
Масъалаи шарту шароити таҳсили ҷавонон бар асоси ин стипендия ва ба кор таъмин кардани онҳо моро ба пойи суҳбати роҳбари “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” –и Вазорати маориф ва илм Исматулло Шодиён кашид.
Маблағ нест? Ду соли охир касе шомили “Дурахшандагон” нашуд
Ба иттилои номбурда, давоми 10 сол-аз соли 2009 (соли таъсиси стипендия) то соли 2019 403 ҷавони тоҷик дар доираи стипендияи президентии “Дурахшандагон” дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил кардаанд.
Ӯ гуфт, ҳоло дар доираи стипендия 29 бакалавр, 4 магистра, 3 аспирант ва 1 докторант ва дар маҷмӯъ, 37 нафар дар ихтисосҳои техникӣ дар 15 донишгоҳи бонуфузи 5 давлат, аз ҷумла Британиёи Кабир, Италия, Австрия, Малайзия ва Русия таҳсил менамоянд.
Шодиён афзуд, дар солҳои 2020 ва 2021 дар асоси стипендияи «Дурахшандагон» ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои хориҷӣ шомил нашуданд. Ҳарчанд ба таъкиди ӯ, онҳо рӯйхати довталабони соли 2020 ва онҳое, ки аз озмун гирандагони стипендия гузаштанд ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ, ки роҳбарии онро муовини сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ба дӯш дорад, пешниҳод карда буданд.
- Соли 2020 озмуни Стипендияи «Дурахшандагон» баргузор гардида, 43 нафар (19 бакалавр, 12 аспирант, 9 докторант ва 3 коромӯз) ғолибони озмун ба раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тавсия карда шуд. Вале то ба имрӯз рӯйхати онҳо барои маблағгузори тасдиқ нагардид. Соли 2021, рӯйхати ихтисосҳои стипендияи «Дурахшандагон» барои баргузории озмун ба мақоми корӣ пешниҳод нагардид, - гуфт роҳбари “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”.
Роҳбари ин массиса зикр намуд, ки аз 403 ҷавоне, ки дар доираи стипендия дар хориҷи кишвар таҳсил карданд, 201 нафар дар ихтисосҳои техникӣ, 124 нафар дар ихтисоси гуманитарӣ ва 78 нафар дар ихтисоси тиббӣ буданд.
Ба иттилои ӯ, аз ин, 209 нафар дар риштаи бакалавр, 38 нафар дар риштаи магистратура, 47 нафар дар риштаи аспирантура, 14 нафар дар риштаи докторант ва 95 нафар ҳамчун коромўз бо дархости ихтисосҳое, ки аз ҷониби мақомоту идораҳои давлатӣ пешниҳод шуд, таҳсил карданд.
Ба иддаои Шодиён аз ҳисоби стипендияи “Дурахшандагон” “дар ихтисосҳои нодири барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарур муассисаҳои таълимии бонуфузи хориҷи кишварро хатм намуда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва низоми идоракунии кишвар фаъолият менамоянд”.
Ӯ аз чанде аз хатмкунандагони ин стипендия ном бурд, ки дар байни онҳо доктор ва номзадҳои илм, профессор, котиби илмӣ, директори пажӯҳишгоҳи илмии Академияи улум, декани факултети ДМТ, вакилони парлумон, муовини ректор ва дорандаи Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” низ ҳастанд.
Стипендия ҳаст-талабот нест. Чаро?
Номбурда илова намуд, ки дар асоси стипендияи «Дурахшандагон» дар солҳои 2018-2022 45-бакалавр/мутахассис, 5 магистр/ординант, 12 аспирант ва 2 докторант, дар маҷмӯъ, 64 ҷавони тоҷик 27 донишгоҳи бонуфузи 11 давлати ҷаҳонро хатм намудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин теъдод 43 нафар ба ҷойи кор таъмин шуда, 5 нафар дар ҳоли ба кор таъмин шудан мебошанд.
- Мутаассифона 7 нафар бо ҷои кор таъмин нашуда, 3 нафар аз уҳдадорӣ даст кашида, дар арафаи баргардонидани маблағҳо мебошанд. 4 нафар таҳсилро идома дода 1 нафар то ба ҳол ба ватан барнагаштааст, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Исматулло Шодиён мегӯяд, бо ин вуҷуд гирандагони стипендияи “Дурахшандагон” дар кишвар кам аст ва сабаби ин надонистани забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ дар сатҳи академикӣ, маблағи гарони бархе донишгоҳҳо ва мувофиқ набудани низоми таҳсили Тоҷикистон бо ин кишварҳо аст.
- Надонистани забони англисӣ дар сатҳи академикӣ, мавҷуд набудани шумораи нокифояи марказҳои омодагардонӣ ва қабули имтиҳонҳо барои ба даст овардани сертификатҳои TOEFL, IELTS ва GMAT дар кишвар ва ҳамзамон гарон будани маблағи таҳсил (15 ҳазор то 45 ҳазор доллари амрикоӣ) ва харҷи будубош дар кишварҳои номбурда (дар як моҳ на кам аз 1000 доллари амрикоӣ) таҳсили донишҷўёни моро ба тариқи Стипендияи “Дурахшандагон” дар ин кишварҳо ғайримикон мекунад, - мегӯяд номбурда.
Ба даст овардани раводид ва стипендияи ночиз - мушкили асосӣ
Шодиён мегӯяд, мушкили дигар, дар ин самт ба даст овардани раводид аст.
Ба гуфтаи ӯ, барои ба даст овардани раводид ҷиҳати таҳсил дар бештари кишварҳои хориҷа, барандагони стипендияи “Дурахшандагон” бояд ба кишварҳои сеюм сафар кунанд, зеро ба ғайр аз Олмон ва ИМА сафоратҳои дигар кишварҳо ваколати судури раводиди таҳсилро надоранд. Барои хароҷоти сафар ва будубош ҷиҳати ба даст овардани раводид ба кишвари сеюм аз стипендиат маблағи иловагиро талаб мекунад.
- Ҳамзамон баъзе аз кишварҳои зикрёфта низоми мураккаби бақайдгири барои ба даст овардани раводидро доранд, ки боиси интизории тўлонии шаҳрвандони мо мегардад, - гуфт ӯ.
Сабаби дигари ба ин давлатҳо сафарбар накардани стипендиатҳо нокифоя будани маблағи стипендияи ҳармоҳаи донишҷўён барои будубош мебошад, ки ба гуфтаи ӯ ҳоло дар як моҳ 100 доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Кадом ихтисосҳо дар мо намерасад?
Вай мегӯяд, ба наздикӣ ба Комисияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод намуданд, ки маблағи ступендияи донишҷӯёне, ки дар кишварҳои Аврупо ва Амрико таҳсил мекунанд, бозбинӣ шавад. Чунки маблағе ки онҳо ҳамчун стипендия мегиранд барои ин кишварҳо хело кам аст.
Дар ҳамин ҳол, номбурда изҳори нигаронӣ намуд, ки дар кишвар мутахасисони нанотехнология, геология, маъданшиносӣ, иттилоот, генетикаи тиббӣ, вирусология ва биоэнженерия намерасад ва онҳо наметавонанд, ки ягон нафарро аз ин ихтисосҳо барои такмили дониш ба хориҷа равон кунанд.
- Чунки базаи чунин ихтисосҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон нест. Ихтисосҳои ҳуқуқшиноси соҳаи байналмилалӣ, саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ надорем. Ихтисоси электромеханика, энергетика, махсусан менеҷменти соҳаи энергетика низ хело кам аст ва мо наметавонем аз ҳисоби онҳо барои такмили ихтисос ба хориҷа равон кунем, - нигаронӣ намуд ҳамсуҳбати мо.
Ӯ афзуд, ки ҳоло донишомӯзони тоҷик дар асоси ин стипендия, бештар дар Русия, Белорус, Укроин ва кишварҳои ИДМ таҳсили илм доранд. Вале мегӯяд, дар панҷ соли охир ба назар мерасад, ки донишҷӯёни тоҷик ба Англия, Австрия, Чехия, Олмон ва Италия таваҷҷуҳи бештар доранд ва чанд нафар аллакай ба донишгоҳҳои ин кишварҳо қабул шуданд.
Сарчашма: asiaplustj.info
Комментарии (0)