< Паёмади сӯхтори тахтабозори "Баракат" дар Суғд -акс » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Паёмади сӯхтори тахтабозори "Баракат" дар Суғд -акс

Паёмади сӯхтори тахтабозори "Баракат" дар Суғд -акс
Ҳоло комиссияи вижаи иборат аз кормандони идораи сӯхторнишонӣ, мақомоти тафтишотиву амниятӣ сабабҳои сар задани сӯхтор дар тахтабозори “Баракат” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро таҳқиқ доранд.

Аз бозори "Баракат" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки бо гузашти се рӯз пас аз ҳодисаи сӯхтор, фаъолияти бозор аз сар гирифта шуд, вале дастрасӣ ба нерӯи барқ ҳамоно маҳдуд аст.

"Барои маълум намудани сабабҳои сар задани сӯхтор панҷ гурӯҳ корҳои таҳқиқотӣ бурда истодаанд", - гуфт яке аз масъулони бозор.

Шоми 21 октябр тахминан соатҳои 20:00 дар бозори фурӯши масолеҳи сохтмонии “Баракат” -и ҶДММ "Агро Фуд" дар ноҳияи Бобоҷон
 Ғафуров оташсӯзӣ сар зад ва даҳҳо метр куб чубу тахта ва дигар намуд масолеҳи сохтмониро ба коми худ кашид.

Сӯхтор ба ҳадде мудҳиш будааст, ки шуморе аз сокинони атрофи бозор манзараи ба осмон қад задани алангаи оташ ва дуди ғализро мушоҳида кардаанд.

Рӯзи 22 октябр ВКД Тоҷикистон дар шарҳи рухдоди ин ҳодиса иттилоъ дод, ки ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон сӯхтор дар масоҳати 400 метри мураббаъ паҳн гардида, чӯбу тахтаҳои зери соябонҳоро фаро гирифта буд.

Ин ниҳод инчунин афзуд, ки беш аз 100 миллион сомонии бори соҳибкорон аз сӯхтор наҷот дода шудааст. Аммо то кунун ҳаҷми хисорати расида аз сӯхтор расман эълон нашудааст.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, бар асари сӯхтор кам ва ё бештар аз 14 нуқтаи нигоҳдорӣ ва фурӯши чӯбу тахтаҳои сохтмонӣ сӯхта нобуд шудааст.

Бозори "Баракат", маъруф ба тахтабозор аз калонтарин макони фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад, ки соли 2011 дар канори шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом дар гардиши шаҳри Гулистон сохта шудааст.



Сарчашма:sputnik-tj.com



Комментарии (0)

Оставить комментарий