< "Дашномдиҳанда худ лоиқи дашном аст": Путин ба Байден посух дод - навор » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Дашномдиҳанда худ лоиқи дашном аст": Путин ба Байден посух дод - навор

"Дашномдиҳанда худ лоиқи дашном аст": Путин ба Байден посух дод - навор
Ахиран кишвардори русия Владимир Путин ба иттиҳомоти ҳамтои амрикоии худ Ҷо Байден посух гуфт

Владимир Путин раисҷумҳури Русия таҳқири Ҷо Байден дар нисбати худро бе таваҷҷӯҳ нагузошт ва ба иттиҳомоти ӯ посух дод.


Кишвардори Амрико Ҷо Байден рӯзи гузашта дар мусоҳиба бо ABC News, Владимир Путинро "қотил" номид. Ӯ аз ҷумла Русияро дигарбора ба он муттаҳам кард, ки ба ҷараёни интихоботи президентии он кишвар гӯё дахолат карданд ва нияти нором кардани вазъи Амрикоро доштанд.

Путин дар посух ба иттиҳомоти Байден ба ӯ саломатӣ таманно кард.

"Оне, ки нафари дигарро дашном мекунад, худ лоиқи ин дашном  аст. <...> Ман чунин посух мегуям: "Саломат бошад". Ман ба ӯ саломатӣ таманно мекунам", - изҳор доштааст Путин.

Илова бар ин, Путин таъкид намуд, ки русҳо коди дигари генетикӣ доранд, ки аз Амрико фарқкунанда мебошад. 

Қаблан Кремл низ ба иттиҳомот ва таҳқири рӯирости Владимир Путин аз ҷониби Байден вокуниш нишон дод. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков, изҳороти Байденро хеле бад арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, бешубҳа Байден намехоҳад, ки муносибати худро бо русия беҳбуд бахшад.

Ба таъкиди Песков, Русия минбаъд аз рӯи ин далелҳо амал мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий