БИСТАРӢ ШУДАНИ 14 АФСАРИ БАЛАНДПОЯИ КДАМ, АЗ ҶУМЛА ФАРМОНДЕҲИ ҚУШӮНҲОИ САРҲАДДӢ ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК РАҶАБАЛӢ РАҲМОНАЛӢ

Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи «Ахбор», 14 афсари баландпояи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар бемористони бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ карда шудаанд. Дар байни бистаришудагон аз ҷумла генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ҷияни президент Эмомалӣ Раҳмон ва фармондеҳи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ – муовини раиси ин кумита низ ҳаст. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 52 сол дошта, аз соли 2013 фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Нафари дигари бистаришуда, ба гуфтаи манобеи «Ахбор», муовини аввали раиси идораи КДАМ дар шаҳри Душанбе будааст. Манобеи «Ахбор» гуфтанд, ки афсарони баландпояи КДАМ-ро феълан бо ташхиси илтиҳоби шуш (пневмония) бистарӣ кардаанд, вале онҳо барои коронавирус низ ташхис хоҳанд шуд. Кай, дар куҷо ва чӣ гуна сироят шудани афсарони баландпояи КДАM ҳанӯз маълум нест.
Қаблан дар бораи бо аломатҳои пневмония гузориш шудани се роҳбари баландпояи ВКД Тоҷикистон гузориш шуда буд. Манобеи «Ахбор» гуфтанд, ки муовини вазири дохила генерал-майор Саидзода Маҳмадсаид Борон, ки солҳои тӯлонӣ роҳбари БДА буд, ва генерал-майор Қунғуротзода Фотеҳ Қулмурод, сардори раёсати нақлиёти ВКД дар беморхонаи маҳаллаи Зарафшон ва подполковник Шоҳрух Саидзода, сардори раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД дар беморхонаи «Истиқлол» бистарӣ карда шудаанд. Ба дунболи нашри ин хабар, дар саҳифаҳои наздик ба ВКД раддияи ғайрирасмие нашр шуд, ки мегуфт, Шоҳрух Саидзода дар бемористон бистарӣ нашудааст, балки шамол хӯрдааст ва ба ин далел дар хона дар карантин қарор дорад.
Аз дигар мансабдорони баландпоя ва шахсиятҳои шинохта, ки дар бемористон бо аломатҳои пневмония ё коронавирус бистарӣ карда шудаанд, ҳамчунин хабари бистарӣ шудани Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон бо се фарзандаш, муовини раиси Бонки миллӣ Ҳамидулло Машрабзода, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон Миралӣ Раҷабзода, шоирон Озарахш ва Фарзона, нависанда Муҳиддин Хоҷазод бо ҳамсару ду фарзандаш (ҳамсари адиб рӯзи 30 апрел вафот кард), рӯҳонии шинохта Домулло Маҳмадуллоҳи Кӯлобӣ, собиқ и.в. президенти Тоҷикистон Акбаршо Искандаров, мутриб ва оҳангсози гуруҳи Шабнами Сурайё Фарҳод Зикир, овозхон Гулбаҳор Шокирова ва дар карантин қарор доштани нависанда Қодири Рустам нашр шудааст.
Тарҷумаи ҳоли генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ
7 октябри соли 1967 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.
Соли 1989 омӯзишгоҳи ҳарбию сиёсии шаҳри Таллинро хатм кардааст.
Аз августи соли 1989 то марти соли 1992 дар саффи Артиши СССР хидмат карда, моҳи марти соли 1992 дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамчун муовини комиссари ҳарбӣ ба кор сар карда, то ба мақоми фармондеҳи баталйон ва сипас фармондеҳи бригадаи десантӣ расид.
Соли 2004 Академияи қӯшунҳои умумии Русия хатм кард ва моҳи январи ҳамон сол ба ҷои Ғаффор Мирзоев (Ғаффор-Седой) фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон таъйин шуд.
Аз 20 ноябри соли 2013 года муовини аввали раиси КДАМ – фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Дорандаи орденҳои "Спитамен” (1997), "Шараф” (1999) ва "Зарринтоҷ дараҷаи II ” (2013).
Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд.
Комментарии (0)