Юсуф Раҳмон: бо иттиҳоми ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" 20 нафар боздошт шуданд

Прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти матбуоти гуфт, дар рӯзҳои наздик парвандаи ҷиноӣ бо фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда мешавад
Юсуф Раҳмон қайд кард, ки бо иттиҳоми ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Узбакистон, ки шаби 6-уми ноябр соли гузашта сурат гирифта буд, наздики 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи вай, миёни боздоштшудагон шахсоне ҳастанд, ки бевосита дар ҳамла иштирок намудаанд.
Инчунин вай афзуд, ки миёни шахсони боздоштшуда нафароне ҳастангд, ки дар ин амали террористӣ бевосита иштирок накарданд ва ба ҳар роҳу восита ба террористон кумак расонданд.
“Парвандаи ҷиноятӣ ҳоло тафтиш шуда истодааст. Қисме аз террористон дар ҷои ҳодиса нобуд карда шуданд, қисми дигаре боздошт гардиданд. Ҳамчунин як қисми дигаре, ки дар ин амали террористӣ ҳузур надоштанду, аммо бо ҳар роҳу восита дар ин ҳамла даст доштанд, дар ин муддат ошкор шуданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда истодаанд”, - гуфт Юсуф Раҳмон.
Прокурори генералии Тоҷикистон афзуд, ки дар ҳоли ҳозир парванда тафтиш шуда истодааст ва дар рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Юсуф Раҳмон аз шарҳи минбаъда оид ба ин масъала бо сабаби сирри тафтишот худдорӣ кард.
Ёдрас мешавем, ки Қаблан гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи Аъмоқ масъулияти ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи “Ишқобод” ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст.
Мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон он замон эълон намуда буданд, ки шумори нерӯҳои ҳукуматии кушта шуда дар ин даргириро ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд. Аммо манобеи хабарии мустақил бо истинод ба маросими хоксупории ҷанозаи низомиёни кушташуда дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон шумори талафоти марзбонони тоҷикро 6 нафар эълом кардаанд.
Қаблан мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.
Комментарии (0)