< Тағйирот дар раёсати бонк: Ҷамшед Нурмаҳмадиён хориҷ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тағйирот дар раёсати бонк: Ҷамшед Нурмаҳмадиён хориҷ шуд

Тағйирот дар раёсати бонк: Ҷамшед Нурмаҳмадиён хориҷ шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат аъзои раёсати бонки давлатии амонатгузорӣ, “Амонатбонк”-ро таъин кардааст
Бар асоси қарори Ҳукумат, ки аввали моҳи равон имзо шуд, Наимӣ Аъламхон Қодириён, Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ, Мирзозода Зафар Хайрулло, Ализода Рустам Абдуҳамид ва Ҷаъфарзода Абдувалӣ Ҳусейн аъзои раёсати “Амонатбонк” таъин шуданд.
Тибқи қарор, Ҷамшед Нурмаҳмадиён аз узвияти раёсати “Амонатбонк” хориҷ карда шуд. Нурмаҳмадиён қаблан аз мақоми ноиби вазири молия ба далели гузаштан ба кори дигар барканор гардида буд. Аъламхон Наимӣ, ҳамзамон роҳбарии раёсати молияи Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ мақоми муовини вазири молияи кишварро ба уҳда доранд. 
Дар мақоми роҳбарии раёсати “Амонатбонк” ҳамоно Сироҷиддин Икромӣ нишастааст.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи гузашта зимни ифтитоҳи бинои нави асосии “Амонатбонк” дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе таъкид кард, ки “Амонатбонк” дар низоми бонкдории кишвар нақши калидӣ дорад.
Ӯ  кормандони бонкро вазифадор намуд, ки имкониятҳоро барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ истифода баранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий