< Амрико ба Эрон гуфтушуниди осоишта пешниҳод кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Амрико ба Эрон гуфтушуниди осоишта пешниҳод кард

Амрико ба Эрон гуфтушуниди осоишта пешниҳод кард
Амрико ба Шӯрои амнияти СММ мактубе ирсол карда, гуфтаст, ки омодаи гуфтушуниди осоишта бо Эрон аст. Гуфта мешавад, ҳадафи кишвар пешгирии таҳдид ба амнияти ҷаҳон аст

Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои ҳалли таниши бамиёномада бо Эрон омодааст, ки гуфтушуниди ҷиддие бо кишвари исломӣ ба роҳ монад.

Дар ин бора дар мактуби Келли Крафт ба Шӯрои амнияти ташкилот, намояндаи доимиии ИМА дар СММ гуфта мешавад.

Таъкид мегардад, ки Амрико омодаи гуфтушуниди осоишта бо Эрон бидуни шартгузории пешакӣ аст.

Крафт таъкид кардааст, ки бо ин роҳ Вашингтон  мехоҳад таҳдид ба сулҳи байнлмилалиро пешгирӣ кунад ва авҷ гирифтани таниш бо режими эрониро  пешгирӣ кунанд.

Дар мактуб гуфта мешавад, ки маҳви генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ худмудофиакунии Амрико буд.

"Иёлоти Амрико омода аст, ки барои ҳифзи ҳайъати шахсӣ ва манфиатҳои худ қадамҳои лозима дар минтақа гузорад", - мегӯяд Крафт.

Коршиноси рус, рӯзноманигор Армен Гаспарян ба радиои Sputnik гуфт, танишҳои Эрону Амрико метавонанд ба ҷанги севуми ҷаҳон оварда расонанд.

"Умеворам, сиёсатмадорони амрикоӣ дарк мекунанд, ки онҳо хато карданд", - меафзояд коршиноси рус.

Комментарии (0)

Оставить комментарий