< Раисҷумҳур Неъматзода Маликшоро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъйин кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раисҷумҳур Неъматзода Маликшоро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъйин кард

Раисҷумҳур Неъматзода Маликшоро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъйин кард
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ раиси шаҳри Норакро аз вазиваи ишғолкардааш озод кард ва ба ҷои ӯ раиси нав таъйин кард

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, мутобиқи фармони Президенти кишвар мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шуд.

Дар ҳамин ҳол бо фармони дигари раисҷумҳур Неъматзода Маликшо Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Бояд қайд кард, ки имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ду судяи шаҳри Душанбе ва як судяи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз вазифаи ишғолкардаашон озод шуданд.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст,  Ёрмамадзода Нисо Аҳмад аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, Сайдализода Парвиз аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо хоҳиши худашон озод карда шуданд.

Ҳамзамон тибқи фармони раисҷумҳур Ҳоҷизода Саъди Ҳоди аз вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо озод карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий