Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Самарқанд аз масҷиди Ҳазрати Хизр ва осорхонаҳои меъморӣ - мақбараҳои Имом Бухорӣ боздид кард
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи сафараш ба Узбакистон аз шаҳри қадимаи Самарқанд боздид кард, хабар медиҳад ҳокимияти шаҳри Тошканд.
Бино ба гузориши манбаъ дар фурудгоҳ Рустами Эмомалиро ҳамтояш Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов пешвоз гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Самарқанд аз масҷиди Ҳазрати Хизр ва осорхонаҳои меъморӣ - мақбараҳои Имом Бухорӣ боздид кардааст.
Ёдрас мешавем, ки раиси шаҳри Душанбе рӯзи 3 декабр ба Узбакистон сафар кард.
Дар доираи ин сафар Рустами Эмомалӣ бо президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дидор карда чанд созишнома имзо намуд ва бо раиси шаҳри Тошканд Эркинҷон Турдимов низ мулоқоти судманд кард.
Комментарии (0)