Путин озими Қирғизистон шуд: барои пешвози ӯ Жээнбеков омад - акс

Имрӯз мулоқоти дуҷонибаи раисҷумҳурони русия Владимир Путин ва Сооронбой Жээнбеков дар доираи ҳамоиши СПАД баргузор мешавад
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин озими Ҷумҳурии Қирғизистон гардид, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури ин кишвар. Дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас" раисҷумҳури Русияро худи Сооронбой Жээнбеков пешвоз гирифт.



Владимир Путин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат хоҳад кард.
Ҳамчунин дар доираи ин нишаст мулоқоти дуҷонибаи сарони Қирғизистон ва Русия дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бегоҳи рӯзи 27 - уми ноябр ба хотири иштирок дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД озими Қирғизистон шуд ва аллакай бо раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков дидору мулоқот гузаронд.
Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ татбиқи тавофуқоти дуҷониба оид ба масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии байни ду кишвар муҳокима гардид.
Зимнан, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Бишкек озими шаҳри Тошканд хоҳад шуд.
Комментарии (0)