Сесад ҷангии ДОИШ дар Афғонистон ба мақомоти амниятӣ таслим шудаанд

Дар шарқи Афғонистон дасти кам 300 нафар аз ҷангандаҳои гурӯҳи террористии ДОИШ ба мақомоти амниятии кишвар таслим шуданд
Ҷангиёни давлати ба ном исломӣ иборат аз 300 нафар ба амниятиҳои афғон таслим шуданд ва силоҳи худро ба замин гузоштанд, хабар медиҳад шабакаи Tolo News.
Манбаъ меафзояд, дастгир шудани ҷангиёни ДОИШ дар вулусволии Нангарҳор сурат гирифт ва миёни террористон занону кӯдакон низ қарор доранд.
Зикр мегардад, ки як қисмати ҷангиёни таслимшуда, шаҳрвандони Покистон мебошанд.
Бояд гуфт, ки муборизаи мақомоти амниятии Афғонистон бо террористони ДОИШ вақтҳои ахир пурзӯр гардидаст ва аллакай чандин вулусволие, ки толибон ишғол карда буданд, бозпас аз дасти онҳо гирифта шуд.
Бо вуҷуди ин ҳузури ҷангиёни ДОИШ дар Афғонистон ба авҷи аъло расидаст ва ҳамчунин боиси нигаронии кишварҳои ҳамсоя гардидааст.
Комментарии (0)