< Сӯиқасди навбатӣ ба ҷони Ашраф Ғанӣ: таркиш назди дафтари раисҷумҳур рух дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сӯиқасди навбатӣ ба ҷони Ашраф Ғанӣ: таркиш назди дафтари раисҷумҳур рух дод

Сӯиқасди навбатӣ ба ҷони Ашраф Ғанӣ: таркиш назди дафтари раисҷумҳур рух дод
Бар асари таркиши бомб назди дафтари кории раисҷумҳури ин кишвар ашраф Ғанӣ дасти кам се нафар ҷони худро аз даст доданд. Миёни ҳалокшудагон як кӯдак қарор доштаст

Дар Қандаҳори Афғонистон назди бинои  кории раисҷумҳур таркиши шадид рух дод, хабар медиҳад сомонаи TOLOnews бо такя ба маълумоти мақомоти амниятии ин кишвар.

Ба маълумоти мақомоти амниятии Афғонистон маводи мунфаҷира назди даромадгоҳи дафтари Ашраф Ғанӣ ба кор дароварда шудаст.

Гуфта мешавад, бар асари таркиш се нафар бо шумули як кӯдак ҷон аз даст доданд. Ҳамзамон ҳафт нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.

Феълан масъулияти ин ҳамларо ягон гурӯҳи террористӣ бар уҳда нагирифтаст.

Маврид ба зикр аст, ки Афғонистон дар пешорӯйи интихоботи раисҷумҳурӣ қарор дорад ва интизор меравад маъракаи мазкур рӯзи 28 сентябр доир гардад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий