< Доналд Трамп мушовири амниятиашро барканор кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Доналд Трамп мушовири амниятиашро барканор кард

Доналд Трамп мушовири амниятиашро барканор кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 10-уми сентябр дар “Твиттер” навишт, ба Джон Болтон, мушовири амнияти миллии ин кишвар хабар додааст, ки дигар ба хизмати ӯ дар Кохи сафед ниёз надорад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мушовири амнияти миллии ин кишвар Ҷон Болтонро барканор кард.

Доналд Трмап афзудааст, ки иллати барканории Болтон ин ихтилофи назар бо вай будааст.

“Дишаб Болтонро огаҳ кардам, ки Кохи сафед ба хидмати ӯ дигар ниёз надоранд. Ман бо бисёре аз пешниҳодоти вай монанди дигар афрод дар давлат мухолиф будам ва аз Ҷон Болтон хостам истеъфо диҳад, ки вай имрӯз субҳ анҷом дод”, - таъкид намудааст Трамп.

Доналд Трамп дар твити дигараш аз Ҷон Болтон сипосгузорӣ карда, эълом намуд, ки дар таийи ҳафтаи баъд Кохи Сафед мушовири амнияти миллии ҷадиди Амрикоро эълон хоҳад кард.

Ҷон Болтон аз моҳи марти соли 2018 дар ба ҳайси мушовири амнияти миллии Амрико  кор мекард. Болтон дар даврони ҳукмронии Доналд Трамп севумин мушовир дар умури амнияти миллӣ буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий