< Чархаи дуюми НБО Роғун рӯзи 9 - уми сентябр бо иштироки Раҳмон фаъол мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чархаи дуюми НБО Роғун рӯзи 9 - уми сентябр бо иштироки Раҳмон фаъол мешавад

Чархаи дуюми НБО Роғун рӯзи 9 - уми сентябр бо иштироки Раҳмон фаъол мешавад
Интизор меравад, дуюмин чархаи нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 9 сентябр соати 10:00 дар майдони сохтмонии НБО Роғун ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, маросими баҳрабардории дувумин чархаи нерӯгоҳ барпо гардад.

Маросими мазкур бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, шоми он рӯз соати 19.00 дар Наврӯзгоҳи Душанбе сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд барномаи театрии бошукӯҳ ба ифтихори  28 - умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистонро тамошо кунанд.

Зимнан рӯзи 10 сентябр соати 18.00 дар варзишгоҳи марказии Муъминобод ва рӯзи 11 сентябр соати 19.00 амфитеатри шаҳри Кӯлоб низ намойишҳои ҷашнӣ баргузор мешавад.

Гузашта аз ин рӯзи 12 сентябр ба ифтихори Истиқлолияти Тоҷикистон маросими кушодашавии Кохи фарҳанги ноҳияи Данғара ва барномаи консертӣ баргузор мегардад.

Тадбирҳои ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ баргузор хоҳад шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий