Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба издивоҷи духтари 11 - сола ва ҷавони 22 - сола дар Эрон

Навори издивоҷи духтари 11 - сола бо ҷавони 22- сола дар Эрон, ки ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, боиси хашми корбарон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид
Издивоҷи онҳо пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ, бекор карда шудаст, хабар медиҳад сомонаи Sputnik Қазоқистон.
Навори маросими ақди никоҳ аз сӯйи хабарнигори эронӣ Масиҳ Алинажод дар сафҳаи Twitter нашр шуд ва пас аз чанде зери борони интиқоди шадиди ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт.
Масиҳ Алинажод дар сафҳаи худ қонунҳои Ҷумҳурии Эронро, ки духтарони зери 13-соларо ба шавҳар медиҳанд, шадидан маҳкум намуда, мзҳор намуд, ки кӯдаконро маҷбур ба издивоҷ мекунанд ва барои онҳо сару либосӣ арӯсиро худи волидонашон интихоб мекунанд.
This a wedding party for girl who is under 13 years old. I cried when I received this video from
— Masih Alinejad ?️ (@AlinejadMasih) September 2, 2019
Bahmai County which is a county in Kohgiluyeh and Boyer-Ahmad Province in Iran. Under Islamic laws 13 year old girl can marry but cannot chose her dress code. pic.twitter.com/gqIQZDUcju
Зимнан пас аз баланд шудани сару садоҳо бобати издивоҷи кӯдаки ноболиғ бо ҷавони 22 - сола, мақомоти Эрон дархост намуданд, то никоҳӣ ин ҷавон бо кӯдаки хурдсол бекор карда шавад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор намуданд, ки ин издивоҷ нест, балки таҷовуз ва майли ҷинсӣ ба кӯдакон аст.
Аммо ҷониби хонаводаи домод дар ҷавоб ба хашми корбарон гуфтанд, ки бо ин роҳ онҳо мехостанд ба арӯсу домод вақт диҳанд, ки бо якдигар ошно шаванд ва ба ҳамдигар одат кунанд.
Комментарии (0)