< Зеленский сарвазири нави Украинаро интихоб намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Зеленский сарвазири нави Украинаро интихоб намуд

Зеленский сарвазири нави Украинаро интихоб намуд
Дар ояндаи наздик раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский номзадии сарвазири навро ба Рада пешниҳод хоҳад кард

 Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский сарвазири навро интихоб намудаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, Зелинский дар ин мақом Алексей Гончарукро интихоб намудаст ва дар кӯҳтотарин муддат номзадии ӯро барои интихоб пешкаши Радаи болоӣ хоҳад намуд.

"Раисҷумҳур Владимир Зеленский номзадии Гончарукро ба парлумон пешниҳод мекунад, то дар мақоми сарвазири Украина ӯро интихоб намоянд", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи қонуни дар Украина амалкунанда, сарвазир аз ҷониби парлумони кишвар бо пешниҳоди раисҷумҳур интихоб мешавад.

Хабар дода мешавад, ки рӯзи 28 август Зеленский тасмим гирифтаст, ҷасалаи парлумониро барои интихоби номзадҳои нави аъзои парлумон  доир намояд.

Қобили зикр аст, ки Алексей Гончарук 7 июли соли 1984 таваллуд шудаст. Номбурда қаблан ба ҳайси  мушовири ноиби сарвазири Украина Степан Кубиков фаъолият намуда буд. Сипас соли 2019 бо қарори Зеленский,Гончарук муовини роҳбари  дастгоҳи президенти Украина интихоб гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий