< Беш аз панҷ ҳазор марди самарқандӣ зани дуюм доранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Беш аз панҷ ҳазор марди самарқандӣ зани дуюм доранд

Беш аз панҷ ҳазор марди самарқандӣ зани дуюм доранд
Маҳз дар вилояти Самарқанд бештар бисёрзанӣ роиҷ шудааст

 Ба мамнуият нигоҳ накарда, қариб ҳамаи мардони вилояти Самарқанд ду зан доранд, менависад,  UPL.uz.

Чуноне маълум шуд, беш аз панҷ ҳазор марди вилояти Самарқанд, зани дуюм доранд.

Бино ба гузориши нашриёт ин мардон аз зиндон шудан ба муддати то се сол, ҳарос надоранд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қавонин, бисёрзанӣ дар Узбакистон манъ нашудааст, вале барои бисёрзанӣ ҷавобгарӣ ба монанди ҷарима ё то се соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Муносибат бо чанд зан, дар Узбакистон аксаран тариқи ниқоҳи мусалмонӣ "қонунӣ" карда мешавад.

Солии 2017 ҳукумат хостори ҷорӣ кардани ҷарима, барои рӯҳониёне шуд, ки чунин никоҳҳоро сабт мекунанд.

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дастур дода буд, ки тарҳи қонуне омода шавад, то масъалаи чандзаниро аз байн бараду ба фоидаи кӯдаконе бошад, ки дар хонаводаҳои носолим ба воя мерасанд ва аз ҳуқуқҳои зиёде маҳрум мешаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий