БОЗДОШТИ РАИСИ СОБИҚИ “ТОҶИК ЭЙР” ДАР ФУРУДГОҲ ҚАБЛ АЗ ПАРВОЗАШ БА ТУРКИЯ
Боздошти Рустам Холиқов, собиқ мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр” субҳи 4 август дар фурудгоҳи Душанбе қабл аз парвозаш ба Истанбул сурат гирифтааст.
Ҳангоми гузаштан аз хатти марз кормандони марзбонӣ исми ӯро дар рӯйхатти ашхоси мамнӯъулхуруҷ дида, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додаанд ва кормандони КДАМ ба фурудгоҳ омада, Холиқовро аз парвоз пас гардондаанд.
Рустам Холиқовро аз фурудгоҳ ба КДАМ бурда, дар бораи мақсади сафараш ба Туркия бозпурсӣ кардаанд. Сафари Холиқов дар ҳоле сурат гирифт, ки ахиран нисбат ба ӯ дар робита ба варшикаста шудани "Тоҷик Эйр” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буданд ва билофосила баъди шурӯи парванда ба хориҷ сафар кардани Холиқов шубҳаҳоеро дар зеҳни мақомот эҷод кард, ки ӯ шояд азми фирор аз тафтишотро дар сар дошт.
Баъди бозпурсӣ дар КДАМ Рустам Холиқовро ҷавоб додаанд, вале баъди имзои забонхат (подписка) дар мавриди инки то анҷоми тафтиши парвандааш маҳалли зисти худро тарк намекунад.
Ширкати "Тоҷик Эйр” қадимтарин ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ягона ширкати давлатии ҳавопаймоӣ дар ин кишвар буда, бо вуҷуди нархҳои баланду сифати пасти хидматрасониаш чандин сол боз дар панҷаи мушкилоти молӣ гирифтор буд. "Тоҷик Эйр” рӯзи 2 январи соли 2019 тамоми парвозҳояшро қатъ кард. Аксари ин парвозҳо, аз ҷумла ба самтҳои пурдаромаде, чун ба шаҳри Маскавро баъди ҳамагӣ чанд рӯз "Сомон Эйр” – ширкати марбут ба Ҳасани Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк” ва додарарӯси президенти Тоҷикистон ба дасти худ гирифт.
Akhbor
Комментарии (0)