< Дар Қирғизистон 118 арӯс танҳо дар шаш моҳ рабуда шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Қирғизистон 118 арӯс танҳо дар шаш моҳ рабуда шуд

Дар Қирғизистон 118 арӯс танҳо дар шаш моҳ рабуда шуд
Вазорати умури дохилаи Қирғизистон хабар медиҳад, ки новобаста аз ҷаримабандии ҳангуфт, дар қаламрави ин кишвар ҳамоно ҳодисаҳои рабуда шудани арӯсон зиёд ба қайд гирифта мешавад.

Бино бар хабари сардори хадамоти амнияти ҷамъиятии Вазорати умури дохилаи  Қирғизистон Улан Рисбеков, давоми шаш моҳи соли равон 118 ҳолати рабуда шудани арӯсон ба қайд гирифта шудаст.

Ба изҳори Рисбеков, аз  ин теъдод 94 ҳолат бо ҳадафи издивоҷ, 12 ҳолат бо ҳадафи маҷбур кардан ба издивоҷ содир шудааст. Бештари парвандаҳои ба додгоҳ ирсол шудаанд, илова намуд ӯ.

Намояндаи вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон мегӯянд, аксари ҳолатҳои арусрабоӣ дар деҳот сурат мегирад.

Дар шаҳри Бишкек ҳомиёни ҳуқуқ, таърихнигорон ва мақомоти давлатӣ мушкили арусрабоиро баррасӣ ва роҳи ҳалли ин мавзуъро ҷустуҷӯ доранд.

Ба иттилои СММ, 20 дарсади оилаҳо дар Қирғизистон дар натиҷаи арусрабоӣ ташкил шудаанд.

Кодекси нави ҷиноии Қирғизистон ҷазо барои арусрабоиро аз 5 ба 10 соли ҳабс боло бурд. Ба ҷуз ин, ҷарима дар ҳаҷми 200 ҳазор сом (ҳудуди 28 ҳазор сомонӣ) барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки ноболиғонро ба никоҳ маҷбур мекунанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ дар Қирғизистон иқдоме бахшида ба ёди қурбониёни арусрабоӣ ташкил шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти Қирғизистон наметавонанд, аз ҳуқуқи занону духтарон ҳимоят кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий