< БОЗДОШТИ ҶИНОЯТКОРОН, ИНЧУНИН ДАР ФУРУДГОҲ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

БОЗДОШТИ ҶИНОЯТКОРОН, ИНЧУНИН ДАР ФУРУДГОҲ

БОЗДОШТИ ҶИНОЯТКОРОН, ИНЧУНИН ДАР ФУРУДГОҲ
23.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Салиев Абдуқодир 1953 с/т, истиқоматкунандаи н.Вахш, ҷ/д Рӯдакӣ, кӯч. Рӯдакӣ х.337, ки ҷинояти моддаи 264 қ.1 КҶ ФР-ро содир намуда, аз тарафи ШКҶ РВКД дар ш.Москваи ФР бо моддаи 264 қ.1 КҶ ФР дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Бохтар дастгир карда шуд. 

23.07.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Қубодиён ҷинояткори дар ҷустуҷӯй қарор дошта шаҳрванд Муъминов Муҳибулло Ибодович 1988 с\т, истиқоматкунандаи ҷ\ш Қубодиён, кӯч. Бедил, ки ҷинояти бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандонро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар н.Қубодиён бо моддаи 177 қ.1 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯй қарор дошт, аз назди беморхонаи марказии ҷ\д Н.Хусрав дастгир карда шуд. 

23.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Турсузода ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Ҷӯраев Ҷӯрабек Турсунмуродович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Пахтаобод, деҳаи Анҷирбар, кӯч. Гагарин х.25, ки ҷинояти дуздиро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар ш.Турсунзода бо моддаи 244 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Турсунзода дастгир карда шуд.

23.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Хусейнов Искандар Алимаҳмадович 1989 с/т, истиқоматкунандаи кӯч.Фирдавсӣ х.1/1, ҳ.19, ки ҷинояти ташкили иттиҳоди экстремистӣ ифротгароиро содир намуда, аз тарафи ШВКД-1 дар н.Фирдавсӣ бо моддаи 307 қ.2 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди н.Фирдавсӣ дастгир карда шуд. 

23.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Ҷумъназаров Бунёдҷон Умедҷонович 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Истаравшан, ҷ/д Қалъачаи Калон, ки ҷинояти ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҶТ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳоро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар ш.Истаравшан бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди фурудгоҳи ш.Душанбе дастгир карда шуд. 

Инчунин, худи ҳамон рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Абдуназаров Нишоналӣ Абдувалиевич 1985 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Ошоба, деҳаи Ошоба, ки ҷинояти ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ ифротгароиро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар н.АШТ  бо моддаи 187 қ.2 ва 307 иловаи 3 қ.2  КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди фурудгоҳи ш.Душанбе  дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий