< Муҳлати ивази шиносномаҳо тамдид мешавад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муҳлати ивази шиносномаҳо тамдид мешавад?

Муҳлати ивази шиносномаҳо тамдид мешавад?
Дар ҷараёни нишасти матбуотии ВКД, ки дар он мисли ҳамеша худи вазир Рамазон Раҳимзода ширкат намуд, вобаста ба саволи хабарнигорон дар мавриди дароз кардани муҳлати ивази шиносномаҳои шаҳрвандии коғазӣ бо шиносномаҳои плостикӣ гуфт, ки ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бо қарори ҳукумат шаҳрвандони Тоҷикистон барои бақайдгирии симкортҳо бояд шиносномаи худро ба шиносномаи плостикии намунаи соли 2014 иваз кунанд. Муҳлати иваз кардани шиноснома то 15-уми август муқаррар шудааст, вале на ҳама тавонистанд то ин муддат шиносномаи худро иваз кунанд. Раҳимзода, гуфт,ки масъалаи дароз кардани муҳлати иваз кардани шиносномаҳоро бо Дастгоҳи иҷроияи Президент баррасӣ доранд.

Вазир ҳамчунин илова намуд, ки чанд рӯз қабл дар пайи муроҷиати шаҳрвандон чанд тан аз кормандони Хадамоти шиносномадиҳиро барои роҳ додан ба камбудиҳо, ҷазо додаанд.

Ба гуфти вазир, камбудиҳои аслӣ дар бахшҳои шиносномадиҳӣ бартараф шудааст ва ӯ аз зердастонаш талаб кард то бо мардум хушмуомила бошанду муроҷиати онҳоро сари вақт баррасӣ кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий