< ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРӢ ДАР АМАЛИЁТҲОИ ҶАНГИИ ДИГАР ДАВЛАТ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРӢ ДАР АМАЛИЁТҲОИ ҶАНГИИ ДИГАР ДАВЛАТ

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРӢ ДАР АМАЛИЁТҲОИ ҶАНГИИ ДИГАР ДАВЛАТ
22-юми июли соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Вахш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Назаров Шодӣ Раҷабович 1972 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ваҳдат, деҳаи Виён, дар давраи ҷангҳои шаҳрвандӣ солҳои 1992 гуреза шуда, ба вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафта, сипас, бо мақсади гирифтани таълимоти динӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафтааст. Номбурда, дар давоми солҳои 1993-2008 дар мадрасаҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон таълимоти динӣ гирифта, бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Ҷамомати Ансоруллоҳ” шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Баъдан, шаҳрванд Назаров Ш.Р. бо мақсади амалӣ намудани нияти худ ба ҳудуди вилояти Вазиристони Шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафта, дар пойгоҳҳои низомӣ машқҳои ҳарбӣ гузашта, то ҳол дар амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили қувваҳои ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок намуда истодааст. Нисбати  шаҳрванд Назаров Ш.Р. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи-1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий