Раисиҷумҳури Тоҷикистон қонуни "интихобот"-ро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон 19 июл якчанд қонунҳоро имзо кард
Дирӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”, “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардондашуда”, “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Гуфта мешавад, ки қонунҳои ба имзорасида ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, бо оби тозаи нӯшокӣ, беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ, пешгирӣ намудани воридоти дорувории пастсифат, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба интихоботи озоду шаффоф ва беҳдошти зиндагии мардуми кишвар равона карда шудаанд.
Манбаъ афзуда, ки матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.
Комментарии (0)