< ҶИНОЯТКОРОН БА ДАСТ АФТОДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҶИНОЯТКОРОН БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶИНОЯТКОРОН БА ДАСТ АФТОДАНД
16.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД шаҳри Бохтар ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Имомалиев Сафар Раҳмонович (с.т.1980) истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи Сомонӣ-1, ки ҷиноятҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва вайрон намудани дахлнопазирии манзилро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Панҷ бо моддаҳои 212, 120 ва 147 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Бохтар дастгир карда шуд. 

16.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Фархор ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Қарабоев Ҳукматулло Ҷумъаевич (с.т.1982) истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулшан, деҳаи Гулшан, ки ҷиноятҳои худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва қаллобиро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Фархор бо моддаҳои 338 қ.2 ва 247 қ.3 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ноҳияи Фархор дастгир карда шуд. 

16.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-2 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, ноболиғ Султонмуроди Сафаралӣ (с.т.2002) истиқоматкунандаи маҳаллаи Ховарон-4, ки ҷинояти ғоратгариро содир намуда, аз тарафи ШВКД-2 н.Шоҳмансур бо моддаи 248 қ.2 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Душанбе дастгир карда шуд. 

16.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Сино-1 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Элмуродов Қурбоналӣ Сафаралиевич (с.т.1966) истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Ҷуйбодом, ки ҷинояти қаллобиро содир намуда, аз тарафи ШВКД-1 ноҳияи Сино бо моддаи 247 қ.4, банди “б” КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудудуи ноҳияи Сино дастгир карда шуд. 

16.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Гусейнова Нилуфар Фурайдоновна (с.т.1992) истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Сафедорон х.17, ҳ.14, ки ҷинояти дуздиро содир намуда, аз тарафи ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо моддаи 244 қ.3 КҶ ҶТ айбдор дониста мешуд, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шуд. 

16.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-2 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Аслонова Меҳрангез Файзиддиновна (с.т.1990) истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Н.Ҳувайдуллоев х.13, ки ҷинояти ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҶТ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳоро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ айбдор дониста мешуд, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур дастгир карда шуд. 

16.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Абдуллоев Боқӣ Маҳмадихонович (с.т.1964) истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият, кӯчаи Пахтакор, ки ҷинояти қаллобиро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо моддаи 247 қ.4 КҶ ҶТ айбдор дониста мешуд, дар ҳудуди ш.Душанбе дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий