< ВАЪДАИ ГЕНЕРАЛ ШАРИФ НАЗАРЗОДА: ДАР ХОРУҒ ЯГОН АМАЛИЁТИ ҲАРБӢ ГУЗАРОНИДА НАМЕШАВАД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ВАЪДАИ ГЕНЕРАЛ ШАРИФ НАЗАРЗОДА: ДАР ХОРУҒ ЯГОН АМАЛИЁТИ ҲАРБӢ ГУЗАРОНИДА НАМЕШАВАД

ВАЪДАИ ГЕНЕРАЛ ШАРИФ НАЗАРЗОДА: ДАР ХОРУҒ ЯГОН АМАЛИЁТИ ҲАРБӢ ГУЗАРОНИДА НАМЕШАВАД
Генерал Шариф Назарзода, ки тоза дар поёни моҳи феврал ба мақоми сардори раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд, рӯзи 12 март дар мулоқот бо чанд тан аз шахсиятҳои таъсиргузору фаъолон ва раҳбарони собиқи шаҳри Хоруғ ваъдаи қатъӣ додааст, ки дар Хоруғ хел амалиёти ҳарбӣ гузаронида намешавад.
Генерал Шариф Назарзода дар посух ба нигаронии ҳамсуҳбатонаш гуфтааст, “дар Хоруғ ягон хел амалиёти низомӣ гузаронида намешавад, чунки ҳангоми таъйини ӯ ба ин мақом президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамдастур додааст, ки бояд ҳамаи масоил дар Хоруғ бо роҳи гуфтушунид ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳал карда шаванд”.
Сардори милитсияи Бадахшон дар идома гуфтааст, “масъалаи дар назди қонун ҷавоб гуфтани 8 нафаре, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд ва он ҳам аксаран ба авбошӣ гумонбар мешаванд,  низ аз роҳи гуфтугӯву муколама ба роҳ монда мешавад, то ин ки худашон ба мақомот ҳозир шаванд”. Дар чунин сурат, нисбат ба онҳо ҷазоҳои минималӣ татбиқ карда мешавад,  – ваъда додааст генерал Шариф Назарзода.
Генерал Назарзодаро, ки қаблан раҳбарии милитсияи Душанберо бар дӯш дошт, аз нафарони наздик ба шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ мешуморанд. Гуфта мешавад, ки генерал Назарзода аз генералҳои ба истилоҳ “ястреб” бо майлаш ба шеваи  ҳалли масоили пешомада аз роҳи муколамаву гуфтугӯ фарқ мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий