Ҳолатҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 53-солаи сокини кӯчаи С.Шерозӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2009 ва маротибаи дуюм моҳи январи соли 2010-ум дар кӯчаи Айнии пойтахт марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат ҳамагӣ 180000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи октябри соли 2015 дар маҳаллаи 82-юми пойтахт, марди 57-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 36000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)