Дуздии зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 28-солаи сокини деҳаи Тиллои Сафеди шаҳри мазкур дар он хусус ворид гардидааст, ки дар давоми рӯзҳои аз 25-ум то 27-уми сентябри соли 2018, шахси номаълум аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо роҳи пинҳонӣ ба хонааш ворид шуда, аз дохили сандуқи оҳанин 10 ҳазору 800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Меҳнатободи шаҳри Ваҳдатро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)