< Боздошти 4 нафар барои содир намудани ҷинояти роҳзанӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти 4 нафар барои содир намудани ҷинояти роҳзанӣ

Боздошти 4 нафар барои содир намудани ҷинояти роҳзанӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Вахш марди 70-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кирови ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 18 ба 19-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум ғайриқонунӣ ба хонаи истиқоматиаш ворид шуда, бо олоти ба корд монанд ба ҳамсараш, зани 54-сола таҳдид намуда, 1-адад сандуқи оҳанинро, ки дар дохили он 6 ҳазору 350-доллари амрикоӣ ва 40000-сомонӣ буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 нафар шаҳрвандон: ду марди 24 ва 30-солаи сокинони ноҳияи Вахш ва ду марди 28 ва 30-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд. 
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий