< Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд

Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фуад Нагиев мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаи ҳарчи зудтар мувофиқа ва ба имзо расонидани «Харитаи роҳ оид ба ҳамкорӣ байни сохторҳои соҳавии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои солҳои 2027–2029» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки санади мазкур заминаи амалии татбиқи тавофуқҳои қаблан бадастомада байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон хоҳад гардид.

Ҷонибҳо барои идомаи муколамаи фаъол ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории сайёҳии ду мамлакат изҳори омодагӣ намуданд.



сарчашма:  khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий