< Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
​Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёддошти тафоҳум зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Дабири кулли Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ва Раиси Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ниси Бай, директори иҷроияи «ITEA Jobs» Чжан Чжи Ҳао ва муовини директори иҷроия Бенҷамин Леонг ба имзо расид.

Ёддошт барои рушди ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону мутахассисон, рушди малакаҳои касбӣ ва идоракунӣ, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам меорад.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, таъсиси барномаҳо ва марказҳои муштараки таълимӣ, рушди таҳсилоти фаромиллӣ, татбиқи барномаҳои дудиплома, ташкили даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, такмили ихтисос, баргузории чорабиниҳои илмию таълимӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин оид ба ҷалби муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, татбиқи барномаҳои байналмилалии бурсиявӣ ва таъсиси озмоишгоҳҳои муосири таълимию инноватсионӣ дар самтҳои STEM, зеҳни сунъӣ, технологияҳои таълимӣ ва таҳсилоти касбӣ табодули афкор доир гардид.


сарчашма: Khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий