Дар шаҳри Душанбе қабул ба «Школа 21» оғоз гардид
28 июл дар шаҳри Душанбе брифинг оид ба қабул ба марҳилаи аввали интихоб — «бассейн» барои таҳсил дар «Школа 21» оғоз гардид. Акнун ҳама хоҳишмандоне, ки синнашон аз 18 боло аст, метавонанд ба таври ройгон малакаҳои рақамиро азхуд намуда, соҳиби касби серталаб гарданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба «Школа 21» ҳар кас, новобаста аз сатҳи маълумот, таҷрибаи корӣ ё доштани малакаи барномасозӣ метавонад дохил шавад. Муҳимтарин шартҳо эътимод ба худ, матонат ва ҳавасмандии баланд мебошанд. «Школа 21» имконият фароҳам меорад, ки иштирокчиён таҳсилоти соҳаи технологияҳои иттилоотиро дар сатҳи олии байналмилалӣ ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ соҳиб шаванд.
Лоиҳа аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо «Сбер» амалӣ мегардад.
Тавре муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён изҳор дошт, инфрасохторро одамон месозанд ва имрӯз афзалияти асосии мо омода намудани кадрҳои соҳибихтисос мебошад.
«"Школа 21« дар шаҳри Душанбе ба муассисаи миллии таълимӣ табдил шуда, ҳамчун воситаи муассири омода намудани мутахассисони ояндаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои тамоми бахшҳои иқтисодиёт хизмат хоҳад кард. Ин имконияти комилан ройгон барои ҳар сокини Тоҷикистон аст, то соҳиби касби рақобатпазир дар соҳаи рақамӣ гардад»,-илова намуд мусоҳиб.
Иттилоъ дода шуд, ки дар «Школа 21» усули омӯзиши «ҳамсол ба ҳамсол» (peer-to-peer) истифода мешавад. Иштирокчиён дониш ва таҷрибаи худро бо ҳам мубодила намуда, лоиҳаҳоро якҷоя иҷро мекунанд ва корҳои ҳамдигарро арзёбӣ менамоянд. Ин равиш на танҳо ба рушди малакаҳои техникӣ, балки ба ташаккули салоҳияти муҳими соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор дар гурӯҳ, қабули қарорҳои самаранок ва масъулиятшиносӣ нисбат ба натиҷаи кор мусоидат мекунад. Тибқи маълумоти лоиҳа, ҳама хатмкунандагон аз ширкатҳои бузурги рақамӣ ва стартапҳо пешниҳоди кор мегиранд ва зиёда аз нисфи иштирокчиён маҳз дар ҳамин мактаб бори аввал бо барномасозӣ шинос мешаванд.
Муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзода иброз дошт, ки «70 фоизи аҳолии Тоҷикистон аз 35-сола ҷавонтар мебошанд. Ин сармояи асосии мо дар давраи рушди зеҳни сунъӣ аст. Таҳсилоти сатҳи ҷаҳонӣ барои ҳар шаҳрванд ройгон ва дастрас мебошад, зеро иқтисоди рақамӣ ба воситаи муҳими болоравии иҷтимоӣ табдил меёбад. Аз мизи мактабӣ то IT Hub Dushanbe давлат дар ҳар марҳила дар паҳлуи шаҳрвандон қарор дорад. Роҳ ба сӯи касби сатҳи ҷаҳонӣ аз ҳамин ҷо — аз Душанбе оғоз меёбад».
Изҳор гардид, ки қабул ба «Школа 21» дар чанд марҳила амалӣ мешавад. Дар марҳилаи аввал довталаб дар сомонаи расмӣ ариза пешниҳод мекунад, сипас аз санҷиши онлайн оид ба мантиқ, хотира ва тафаккури алгоритмӣ мегузарад. Марҳилаи ниҳоӣ — «бассейн» — давраи 14-рӯзаи омӯзиши фишурда дар кампус мебошад, ки дар он иштирокчиён асосҳои барномасозӣ, забонҳои барномасозӣ ва таҳияи барномаҳоро меомӯзанд, инчунин супоришҳои инфиродӣ ва гурӯҳиро иҷро менамоянд.
Пас аз муваффақона гузаштани интихоб омӯзиши асосӣ оғоз меёбад. Иштирокчиён метавонанд яке аз зиёда аз 20 самти таҳсилро интихоб намоянд, аз ҷумла таҳияи таъминоти барномавӣ, таҳияи барномаҳои мобилӣ, эҷоди бозиҳои компютерӣ, амнияти киберӣ, таҳлили додаҳо, таҳлили системавӣ ва тиҷоратӣ, санҷиши нармафзор ва дигар самтҳои муосири технологияҳои иттилоотӣ.
«Ҷолиб аст, ки дар кампусҳои „Школа 21“ марзҳои касбӣ тадриҷан аз байн мераванд. Дар як муҳити корӣ муҳандисони соҳибдиплом ва шахсоне, ки қаблан бо технологияҳо ҳеҷ иртибот надоштанд, паҳлуи ҳам фаъолият мекунанд. Аксари лоиҳаҳо дар ҳайати гурӯҳ таҳия ва ҳимоя мешаванд: яке сохтори ҳалли масъаларо таҳия мекунад, дигаре рамз (код)-ро менависад, савумӣ мантиқро месанҷад ва хатоҳоро ошкор месозад. Маҳз чунин ҳамкории баробар ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки мавзуъҳои мураккабро зудтар азхуд намоянд. Кампус ба муҳити фаъоли омӯзиш табдил меёбад, ки дар он мутахассисони сатҳи баланд ва дастаҳои ҳамоҳанг омода карда мешаванд. Дар ҷараёни таҳсил муносибатҳои касбӣ ва дӯстона ба вуҷуд омада, ҳатто стартапҳои муштарак таъсис меёбанд», — иброз намуд директори генералии «Школа 21» Рустам Айнетдинов.
Давомнокии таҳсил вобаста ба самт ва суръати омӯзиш аз нуҳ моҳ то ду солро дар бар мегирад. Омӯзиш дар платформаи рақамӣ бо муҳтавои чандир ва пайваста такмилёбанда, ки ба талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ мебошад, баргузор мегардад. Кампусҳо шабонарӯзӣ — 24 соат дар як шабонарӯз, 7 рӯз дар як ҳафта ва 365 рӯз дар як сол фаъолият мекунанд, то ҳар иштирокчӣ тавонад ҷадвали муносиби омӯзиши худро интихоб намояд. Ҳаҷми миёнаи машғулият тақрибан 20 соат дар як ҳафтаро ташкил медиҳад.
«"Школа 21« дар шаҳри Душанбе ба маркази муосири омода намудани кадрҳои рақамӣ барои Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт ва кишварро бо мутахассисоне таъмин хоҳад кард, ки барои татбиқи дигаргунсозии рақамии иқтисодиёт заруранд. Ин танҳо қадами аввал, вале бисёр муҳим дар роҳи рушди минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи рақамикунонӣ мебошад, ки ба таҳкими соҳибихтиёрии рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд. Мехоҳам ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин ба роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ, ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ин лоиҳа изҳори сипос намоям», — хабар дод директори калони идоракунандаи «Sberbank International» Олег Капитонов.
Сарчашма:khovar.tj

Комментарии (0)