< НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд
Дар шаш моҳи соли 2026 дар ноҳияи Варзоб нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 43 миллиону 80 ҳазору 355 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 430 ҳазору 360 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 37 миллиону 399 ҳазору 997 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 139 ҳазору 979 сомонӣ зиёд аст. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Сокинони ноҳияи Варзоб барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 143 адади он ба истифода дода шудааст. Дар айни замон сохтмони иншооти боқимонда идома дошта, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар шаш моҳи соли равон 14,8 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуда, ин иқдоми сокинон идома дорад.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки давоми шаш моҳи соли 2026 аз тарафи Шабакаҳои барқи ноҳияи Варзоб 15 симчӯби фарсуда ба симчӯбҳои оҳану бетонӣ иваз карда шуд. Дар баробари ин бо дарозии 5 километр ноқилҳои фарсуда ба ноқилҳои нав иваз карда шуданд.

Сарфаи неруи барқ дар ноҳияи Варзоб дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 250 ҳазор кВт-соатро ташкил медиҳад. Талафоти неруи барқ дар шаш моҳи соли равон ба 13,2 фоиз расидааст.

Ёдовар мешавем, ки Варзоб — ноҳия, дара ва дарёи машҳур дар Тоҷикистон аст, ки дар наздикии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, бо табиати зебо ва маконҳои сайёҳияш ном баровардааст. Ин минтақаи Тоҷикистон бо табиати дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои нотакрор ва имконоти сайёҳӣ ҳамасола таваҷҷуҳи гардишгарони зиёдеро ҷалб менамояд.

Ноҳияи Варзоб бо мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, табиати нотакрор ва иқлими форам яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ноҳияи кӯҳистон, ки дар наздикии пойтахт– шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ҳамасола меҳмонону сайёҳони зиёдеро аз дохил ва хориҷи мамлакат қабул мекунад. Манзараҳои зебои кӯҳӣ, дарёи мусаффои Варзоб, ҳавои тоза ва инфрасохтори сайёҳӣ барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳати оилавӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб якчанд мавзеъҳои маъруфи сайёҳӣ, аз ҷумла «Сафеддара», дараи Такоб, дараи Сиёма, шаршараҳо ва чашмаҳои табиӣ ҷойгир мебошанд, ки ҳамасола таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳонро ҷалб менамоянд. Ин мавзеъҳо барои истироҳат, сайругашт, баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва шиносоӣ бо табиати нодири кишвар имконияти фаровон фароҳам меоранд. Бо рушди инфрасохтори соҳа ва беҳтар гардидани хизматрасониҳои сайёҳӣ, ноҳияи Варзоб мавқеи худро ҳамчун яке аз марказҳои муҳими сайёҳии Тоҷикистон сол ба сол таҳким мебахшад.

Маҷмааи лижаронии «Сафеддара"-и ноҳияи Варзоб ягона истироҳатгоҳи зимистонаи муосир дар мамлакат буда, дорои роҳҳои танобӣ, меҳмонхонаи сеситорадор, мавзеъҳои сноуборд ва конкитозӣ мебошад.
Дар ноҳия инчунин осоишгоҳҳо, хонаҳои истироҳатии оммавӣ ва солимгардонӣ, ба монанди «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Сайёҳон» ва «Сосновый бор», инчунин марказҳои истироҳатии доимӣ ва мавсимии дорои ҳавзҳои шиноварӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва шароити олӣ барои истироҳати оилавӣ мавҷуд мебошанд.

Сарчашма:Khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий