«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
7-8 августи соли 2026 дар толори «Суғд арена"-и шаҳри Хуҷанд Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ «Меъмор-2026» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» доир мегардад.
Мақсад аз ташкили намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ муайян кардани лоиҳаҳои беҳтарин байни меъморон, лоиҳакашон ва ҳайатҳои муаллифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои лоиҳакашии муосир, мустаҳкам кардани аҳамияти иҷтимоии ихтисосҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ва баланд бардоштани сифати муҳити фаъолияти ҳаётӣ мебошад.
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияҳои лоиҳаи беҳтарини истиқоматии бисёрошёна; биноҳо ва маҷмааҳои иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ (биноҳои таълимӣ, биноҳои табобатию истироҳатӣ, иншооти варзишӣ, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ, паркҳои технологӣ) ва асари меъмории донишҷӯён (барои донишҷӯён ва коллективи эҷодӣ) гузаронида мешавад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)