< 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад
​Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) таҷдиду навсозӣ ва таъмиру мумфаршкунии роҳҳо идома дорад.

Дар доираи ин иқдоми муҳим бо ҷалби имконияти маҳаллӣ ва саҳми арзандаи соҳибкорону сокинони ватандӯст давоми семоҳаи соли 2026  15,0 километр роҳ, аз ҷумла 3 километр таъмири асосӣ,  6 километр таъмири ҷорӣ ва 6 километр роҳҳо сангфарш карда шуданд.

Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ дар ҷамоати шаҳраки Сирдарё роҳи кӯчаи Нурматов ва роҳи байни биноҳои истиқоматии 4-5-ошёнагӣ мумфарш карда шуд.

Иброз гардид, ки масофаи умумии роҳҳои шаҳр 69 километрро ташкил медиҳад, ки ба он роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ низ дохил мебошанд.

Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий