“Талафоти бузург”. Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати Алии Хоманаиро ба Масъуд Пизишкиён ва миллати Эрон таслият гуфтааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ба Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури ин кишвар таслият баён кардааст.
Дар ин бора шоми 1-уми март Сафорати Эрон дар Душанбе хабар дод. Имрӯз барқияи раисҷумҳури Тоҷикистон дар сомонаи ӯ ҳам нашр шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодани номае ба ҳамтои эронияш гуфтааст, ки «бо андуҳи зиёд» хабари куштори Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз масъулони ҳукумати Эронро дарёфт кардааст.
«Ин талафоти бузургро ба ҷаноби олӣ (Масъуд Пизишкиён) ва миллати шарифи Эрон таслият мегӯям», — омадааст дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба гуфтаи манбаъ, ӯ ба нақши Алии Хоманаӣ дар тавсеаи робитаҳои Тоҷикистону Эрон таъкид карда, гуфтааст, ки «дар ин рӯзҳои ғамангез, изҳори ҳамбастагии мардуми Тоҷикистонро ба кишвари дӯсту бародари Эрон иброз дошта, аз Худованди Муттаол барои ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар масири раҳмати Илоҳӣ қарор гирифтаанд, талаби мағфират ва барои пайвандони гиромияшон дар ин фоҷиаи ҳавлнок сабру шикебоӣ мехоҳам».
Пештар аз ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз «ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна» нигаронии амиқ баён карда буд.
Бояд гуфт, хабари кушта шудани Алии Хоманаӣ субҳи имрӯз аз ҷониби мақомоти Эрон расман тасдиқ шуд. Гуфта мешавад, ки якҷо бо ӯ чанде аз пайвандонаш низ кушта шуданд.
Алӣ Хоманаӣ кӣ буд ва чӣ корномае аз худ боқӣ гузошт? Дар ин пайванд мутолиа кунед.
Ҳамчунин, дар Ҳамлаҳои Амрикову Исроил дабири Шӯрои олии дифоъ, вазири дифоъ, фармондаи кулли Сипоҳ ва раиси Ситоди кулли артиши Эрон низ кушта шуданд, ки дар бораи корномаи онҳо муфассал дар ин пайванд хонед.
Ёдовар мешавем, ки ҷанги нав дар Ховари миёна субҳи 28-уми феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард. Ҳоло ҳамлаҳои ҷонибҳо идома дорад. Талафот ва теъдоди кушташудагон дақиқ ҳисоб нашудааст.
Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.
Ҳоло вазъ печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)