Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Дар меҳвари ин навишта ҷойгоҳи абадии Абулқосим Фирдавсӣ ва шоҳасари ҷовидонаи ӯ — Шоҳнома — ҳамчун сутуни худшиносии тамаддуни ориёӣ ва пайвандгари маънавии миллатҳои ҳамфарҳанг баррасӣ мегардад.
Муаллиф бо такя бар арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ саҳми Президенти Тоҷикистонро дар дастрас намудани ин ганҷинаи маънавӣ ба ҳар хонаводаи тоҷик таъкид намуда, онро иқдоме дорои аҳаммияти стратегии фарҳангӣ ва миллӣ арзёбӣ мекунад.
Доктор Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ — мудири Хирадсарои Фирдавсӣ, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон — чунин гуфтааст:
Ба номи Худованди ҷону хирад
Хирадманди донову равшанравон,
Танаш з-ин ҷаҳон асту ҷон з-он ҷаҳон.
Раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти миллатеро ба Шаҳномаи безаволи устоди Тӯс кушода кард. Фарҳанги «Шоҳнома» фарҳанги табори ориёӣ ва фаротар аз он фарҳанги башарият аст. Ин метавонад вижагии мунҳасир ба фарди ин китоб ва шаҳсутуни ҳаёти қавмии ҳама ориёинажодон бошад, ки имрӯз ҳар куҷо ҳастанд: Ирон, Қафқоз, Афғонистон, Тоҷикистон, пойинрудону варорудон худро дар оинаи он боз меёбанд.
Кишвари азизи Тоҷикистон, ки сивучаҳорумин солгарди Истиқлолияти худро ҷашн гирифт, тавонистааст пас аз се даҳа бо такя бар фарҳанги миллӣ, ҳидоятҳои корсоз ва илҳомбахши Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳуввияти тоҷикӣ ва боландагии фарҳангии худ бирасад ва дар ҳамин фосилаи кӯтоҳ ҳамгом бо дунёи навин ба тавфиқҳои бузурге даст ёбад ва ин нест, ҷуз дар сояи раҳнамудҳои Раҳбари хирадманди худ, ки қадри кори пешиниён ва бавижа шоҳасари Ҳакими фарзонаи Тӯсро дониста ва бо иқдоми шойгони худ ва эҳдои як давра «Шоҳнома» ба хатти кирилӣ ба ҳар хонавода раҳи дастёбӣ ба шохсори сарви сояфикани «Шоҳнома"-ро ба ҳамаи тоҷикзабонон аз шаҳрӣ то рустой нишон додааст.
Бегумон, имрӯз миллати тоҷик аз ҳар миллати дигаре беҳтар ва васеътар метавонад бо як асари бузургу ҷаҳонӣ, монанди «Шоҳнома» ошно шавад ва аз омӯзаҳои инсонсози он бархурдор бошад. Чунин тавфиқе барои ҳеҷ миллати дигаре дар ҳеҷ давру замоне ба ин осонӣ фароҳам наомадааст.
Хирадсарои Фирдавсӣ зимни шодбоши сивучаҳорумин солгарди Истиқлолияти ин кишвар аз қавли ҳама дӯстдорони Фирдавсӣ ва ба вижа ҳама вобастагону пайвастагон ба хирадсарои Фирдавсӣ дар Эрону ҷуз Эрон аз забони Ҳакими Тӯсӣ хитоб ба Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд:
Туро пок Яздон нигаҳдор бод,
Дилат шодмону бахт бедор бод!
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)