< Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
​Дар иҷлосия Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 22 январи соли 1993, Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Италия «Cassa Depositi е Prestiti» оид ба лоиҳаи «Сохтмони НБО-и «Роғун»» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Ёвон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳама масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий