< Трамп аз Путин хост, як ҳафта аз ҳамла ба Киев худдорӣ кунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Трамп аз Путин хост, як ҳафта аз ҳамла ба Киев худдорӣ кунад

Трамп аз Путин хост, як ҳафта аз ҳамла ба Киев худдорӣ кунад
​Ба гуфтаи вай, Владимир Путин ин пешниҳодро қабул кардааст. Президенти Амрико дар ин бора дар ҷаласаи кобинаи вазирон, дар Кохи Сафед хабар дод. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз ин ташаббуси Доналд Трамп истиқбол ва миннатдорӣ кардааст.

Вай дар шабакаи Х навишт, ки барқ ё энергетика дар шароити кунунӣ барои ҳифзи ҷони одамон муҳим аст. Трамп ҳамчунин гуфт, дар музокироти сулҳи миёни Русия ва Украина «пешрафти зиёд» ба даст омадааст.

Субҳи рӯзи панҷшанбе Алексей Гончаренко, вакили порлумони Украина бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки миёни Амрико, Украина ва Русия як созиши сеҷониба дар мавриди «оташбаси энергетикии панҷрӯза» ба даст омадааст. Бар асоси ин созиш ҷонибҳои даргир бояд аз ҳамла ба зерсохтҳои энергетикии якдигар худдорӣ кунанд.


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий