Метрои Душанбе, нархи кирокашҳо ва идомаи кор дар роҳе, ки аз хоки Афғонистон ҳамла шуд
Сохтмони метро дар Душанбе, азсаргирии бунёди роҳ дар қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷ, ки дар пайи ҳамла ба сохтмончиёни чинӣ аз хоки Афғонистон матаваққиф шуда буд, арзиши хидматрасонии кирокашҳои Душанбе аз муҳимтарин масоиле буданд, ки дар нишасти хабарии Вазрати нақлиёт баррасӣ ва баҳс шуданд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёт дар нишасти хабарӣ, ки дирӯз, 28-уми январ баргузор шуд, гуфт, сохтмони роҳ дар қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷ, ки дар пайи ҳамла ба сохтмончиён аз хоки Афғонистон барои муддате қатъ шуда буд, дигарбора барқарор шуда, ҳоло идома дорад.
Ин роҳ қитъае аз роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма аст, ки бо ҳузури мутахассисон аз Чин сохта мешавад. Он моҳи декабри соли 2025, дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва захмиву кушта шудани 4 корманди ширкати чинии «China Road and Bridge Corporation», қатъ шуда буд.
«Сохтмони роҳ ҳоло идома дорад. Корҳои асосӣ анҷом ёфтаанд. Фақат корҳое ба мисли бетон гирифтану пайваст кардани барқ боқӣ мондааст, ки барои ин аз ҷониби чиниҳо танҳо мутахассисоне лозиманд, ки машварат медиҳанд. Корҳои ҷисмониро худи кормандони маҳаллӣ пурра аз уҳдааш мебароянд. Кӯшиш мекунем, ки дар доираи муҳлати дар қарордод муқарраршуда, корҳоро ба анҷом расонем», — гуфт Азим Иброҳим.
Ӯ илова кард, ки ҳоло наздики 100 нафар аҳолии маҳаллӣ барои кор дар роҳи мазкур ҷалб шудаанд, вале мушаххас нагуфт, ки мутахассисони чинӣ кай барои идомаи кор бармегарданд.

Метро дар ДушанбеҲамчунин, вазири нақлиёт вазъи кунунии тарҳи бунёди метро дар Душанберо низ шарҳ дод.
Ӯ гуфт, лоиҳа аз ҷониби Кореяи Ҷанубӣ маблағгузорӣ мешавад ва чор ширкат болои лоиҳаи метро кор мебаранд. Ҳоло қисмати пеш аз асосноккунии техникию иқтисодии метро идома дорад.
Вазир таъкид кард, ки сохтмони метро «кори осон ҳам нест» ва «вақтро талаб мекунад».
«Ҳоло корҳо рафта истодааст, ягон монеа нест ва суръати корҳо низ чандон бад нест. Умед дорем, ки амалӣ мешавад», — шарҳ дод Азим Иброҳим.
Ин метро чӣ гуна хоҳад буд ва чӣ гуна бунёд мешавад, дар ин пайванд мутолиа кунед.
Чаро ҳақи кирокашҳо кам намешавад?Дар бораи ҳақи кирокашҳои Душанбе, ки аксаран барқӣ ҳастанд муовини вазир посух гуфт.
Шоиста Саидмуродзода, муовини вазири нақлиёт зикр кард, ки «мо наметавонем нархи роҳкирои таксиро арзонтар кунем».

«Ин якум аз он вобастагӣ дорад, ки худи нақлиёти барқӣ гарон аст ва он бо батарея кор мекунад ва батареяҳояшон ҳам муҳлаташон то 10 сол аст. Баъди он бояд батареяро нав кунанд. Аз ҳамин ҳисоб, мо наметавонем, ки нархи роҳкирои таксиро арзонтар кунем. Чунки таксӣ нархи худашро рӯйпӯш карда наметавонад», — гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, сокинон аз он шикоят доранд, ки бозори кирокашҳои пойтахт инҳисор шудаву ба таври шоиста назорат танзим намешавад. Ва ин сабаб шудааст, ки сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сифати пасти хадамоти кирокашӣ дар Душанбе зиёд шикоят кунанд. Яке аз нигарониҳои сокинон ин аст, ки бо вуҷудӣ бо нақлиёти барқӣ иваз шудани ҳама кирокашҳои пойтахт, нархи он ҳамоно боло боқӣ мемонад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)