< Боздошти 6 кас, аз ҷумла ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони хариду фурӯши маводи мухаддир ва ҳабҳои “психотропӣ” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти 6 кас, аз ҷумла ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони хариду фурӯши маводи мухаддир ва ҳабҳои “психотропӣ”

Боздошти 6 кас, аз ҷумла ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони хариду фурӯши маводи мухаддир ва ҳабҳои “психотропӣ”
​Ин ниҳод дар гузорише, ки дирӯз, 26-уми январ Телевизиони Тоҷикистон нашр кардааст, гуфтааст, «гурӯҳҳои нашъаҷаллоб маводи мухадирро аз Афғонистон ба кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия интиқол дода, ба фурӯш мегузоштаанд».

Аз ҷумла, мақомот аз Насим Ҷамолов, сокини шаҳри Ҳисор дар ҳудуди шаҳри Панҷакент, наздик ба марзи Ӯзбекистон 60 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш ва афюн дарёфту мусодира кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, ки номбурда ин миқдори маводи нашъадорро ба воситаи Абубакр Шукурзода, ки аз ӯ «саркардаи гурӯҳи ҷиноятӣ» ном бурдаанд, дар ноҳияи Рӯдакӣ дастрас ва дар шаҳри Ҳисор нигоҳдорӣ мекард ва «бо нияти интиқол додан ба Ӯзбекистон маводи нашъадорро дар зарфҳои сӯзишворӣ ҷойгир карда ба Панҷакент бурдааст».

ВКД гуфтааст, ки Абубакр Шукурзода, ки қаблан дар кишвари Ӯзбекистон 14 сол зиндонӣ шудааст, дар кофтукоби расмӣ қарор дорад.
ВКД аз боздоштшудагони дигар, Аҳлиддин Солиҳов, сокини шаҳри Душанбе, Ҷурабек Рустамов ва Давлатбек Турсунов, сокинони шаҳри Панҷакент ном бурда гуфтаанд, ки дар пайи як амалиёти дигар, аз онҳо 38,5 кг маводи мухаддир дарёфту мусодира кардаанд.


Аҳлиддин Солиҳов, Ҷурабек Рустамов ва Давлатбек Турсунов дар иҳотаи кормандони мақомот

Дар ин гузориш, аз онҳо «як гурӯҳи нашъаҷалоб» ном бурда мешавад ва зи кр мегардад, ки «Жонибек (Ҷонибек) Рустамов, сокини шаҳри Панҷакент ва саркардаи ин гурӯҳи нашъаҷалоб гумонбаронро бо маводи мухаддир таъмин карда, барои муомилоти он дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат мекардааст».

Мақомот гуфтаанд, ки Рустамов ҳоло дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.

«Ин гурӯҳи нашъаҷаллоби трансмиллӣ маводи мухаддиро аз қаламрави Афғонистон бо роҳу воситаҳои гуногун дар ҳаҷми махсусан калон ба ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия интиқол дода ба фурӯш мебароварданд», — омадааст дар гузориши ВКД.
ВКД ҳамчунин, аз боздошти ду шаҳрванди хориҷӣ, ки якеаш шаҳрванди Булғористон мебошанд, хабар дода гуфтааст, ки аз онҳо «10 ҳазору 84 ҳаби психотропӣ дарёфту мусодира» шудааст. Мақомот шаҳвандии нафари дуюмро ошкор накарда, аз ӯ Маъруфҷон Турсунбоев, шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурдаанд.

«Қаблан барои пайдо кардану интиқол додани маводи нашъадор тариқи телефон бо як рафиқам маслиҳат карда будем. Бо ӯ ба шаҳри Хуҷанд омадем ва шаб дар меҳмонхона истодем. Маводҳои нашъадорро гирифта дар пинҳонгоҳи махсус ҷой кардему барои минбаъд фурӯхтан ба ҷумҳурии Қирғизистону Русия  мебурдем"-нақл кардааст Маъруфҷон Турсунбоев.

Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Номбурда гуфтааст, ки ин маводҳоро Дмитрий Начев, шаҳрванди Булғористон, аз кишварҳои назди Балтика барои савдо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрас мекардааст.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми «муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди онҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан» (моддаи 200, қисми 4-и,  КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Бар асоси ин банди қонунгузорӣ ба гумонбарон аз 12 то 20 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.
Назари ҳамаи боздоштшудаҳо ба иттиҳоми мақомот маълум нест.

Дар ду ҳафтаи охир ин дастикам сеюмин изҳороти мақомот дар хусуси боздошти аъзоёни гуруҳи нашъаҷаллоб дар кишвар мебошад. Чанд рӯз қабл мақомот аз аз боздошти ду сокини шаҳри Турсунзода бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар дода буданд.
Тибқи иттилои расмӣ дар даҳ моҳи соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 1 тонна воситаҳои гуногуни нашъадор аз муомилот гирифта шуда, чандин гурӯҳи нашъаҷаллоб дастгир шудаанд. 


Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий