Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2025 қариб 3 баробар афзуд
Дар соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври назаррас афзуда, ҳудуди 33,4 млн долларро ташкил дод. ИН нишондиҳанда қариб 3 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2024 (ҳудуди 11,6 млн доллар), ки маънои ба андозаи 18,7% зиёд шуданро дорад.
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар соли 2025 низ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, агар дар соли 2024 он ҳамагӣ 475 ҳазор долларро ташкил дода бошад, пас дар соли 2025 ин нишондиҳанда то 9 млн доллар афзуд.
Аз ҷумла, дар соли 2025 аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба маблағи 1,92 млн доллар ангури навъҳои гуногун, ба маблағи умумии 607 ҳазор доллар — маснуот аз пахта ва ба маблағи 557 ҳазор доллар — нерӯи барқ содир шуд.
Воридоти молу маҳсулот аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар соли 2025 низ ба таври назаррас зиёд шуд. Соли 2024 ҳаҷми воридот 11,1 млн долларро ташкил дода, дар соли 2025 ҳаҷми он то 24,5 млн доллар боло рафт.
Маҳсулоти асосии воридотӣ дар соли 2025 аз лигнит ба маблағи 9,5 млн доллар, нафт ва маҳсулоти нафтӣ — ба маблағи 618,48 ҳазор доллар, маснуот аз макарон — ба маблағи 5,64 млн доллар, зарф ва шиша (флакон) — ба маблағи 1,14 млн доллар иборат аст.
Ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тайи 10 соли ахир ҳам давраҳои болоравӣ ва ҳам поинравиро паси сар кард. Солҳои 2018-2019 ҳаҷми начандон зиёд ба қайд гирифта шуда, маблағи савдои дуҷониба 60 млн долларро ташкил дод, ки аз ин миқдор зиёда аз 48 млн доллараш ба воридот аз Қирғизистон ва беш аз 14 млн доллар — ба содирот аз Тоҷикистон рост меояд.
Аммо сар аз соли 2020 поинравии устувор ба мушоҳида расида буд: соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба 26,2 млн доллар, соли 2022 — то 15 млн доллар ва соли 2023 — ҳамагӣ 11,4 млн доллар.
Дар соли 2024 нишондиҳандаи мазкур дар сатҳи ҳадди ақалл (минималӣ) ба миқдори ҳудуди 11,6 млн доллар боқӣ монд.
Дар соли 2025 дар савдо байни кишварҳо такони мусбат ба мушоҳида расид. Ба ақидаи таҳлилгарон, ба ин раванд ҳаллу фасли як қатор масоили муҳим, аз ҷумла таъйину аломатгузории марзи давлатӣ миёни кишварҳо, боз шудани ду гузаргоҳи нави сарҳадӣ, тақвияти муколамаи сиёсӣ ва имзои созишномаҳои байниҳукуматӣ мусоидат кард.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)