< Сафири Тоҷикистон бо Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафири Тоҷикистон бо Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон мулоқот намуд

Сафири Тоҷикистон бо Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон мулоқот намуд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар бахши савдои тарафайн ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ баррасӣ карда, оид ба роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти мутақобил ва васеъсозии тамосҳои корӣ байни сохторҳову ташкилоти дахлдори ду мамлакат ибрози андеша намуданд.

Бо таъкиди болоравии ҳаҷми савдои мутақобил байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар соли 2025 истиқрори робитаҳои пайвастаи тиҷоратӣ байни соҳибкорони манфиатдори ду мамлакат, инчунин қабули санадҳои дахлдор барои пешниҳоди шароити мусоид ба хотири вусъати бештари ҳамкории иқтисодӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий