< Гардиши мол миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз $100 млрд расидааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Гардиши мол миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз $100 млрд расидааст

Гардиши мол миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз $100 млрд расидааст
​Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Чин ва кишварҳои минтақа бори аввал зиёда аз 100 млрд долларро ташкил дода, давоми панҷ сол ҷараёни болоравии мусбатро нишон дод.

Манбаъ афзуд, соли гузашта Чин бори нахуст ба шарики бузургтарини тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Содирот аз Чин 11% афзуда, то 71,2 млрд расид, ки ба ин афзоиши босуръати маҳсулоти механикӣ ва электротехникӣ, инчунин маҳсулоти истеҳсоли технологияҳои баланд марбут будааст. Воридот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 14% зиёд шуда, 35,1 млрд долларро ташкил додааст.

«Беҳтар шудани сохтори тиҷорат байни тарафҳо идома дошта, ҳарчи бештар молу маҳсулоти хушсифат аз минтақа ба бозорҳои Чин роҳ меёбад», — гуфтааст Го Ҷякун.
Намояндаи ВКХ Чин таъкид доштааст, ки сарфи назар аз душвориҳо дар иқтисоди ҷаҳон ва мушкилот дар савдои байналмилалӣ, ҳамкорӣ миёни Чин ва Осиёи Марказӣ натанҳо суръати худро нигоҳ медорад, балки ба рушди минбаъда идома медиҳад. 

Ба таъкиди вай, ин афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба аз нақши муҳими механизми «Чин — Осиёи Марказӣ» гувоҳӣ медиҳад, ки ба марҳилаи калидӣ дар густариши ҳамкориҳо дар сатҳи нисбатан баландтар табдил ёфт.

Ӯ зикр кардааст, ки тайи соли ахир муносибатҳо миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври назаррас беҳтар шуданд. Механизми «Чин — Осиёи Марказӣ» бештар пурсамар гардида, рушди ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» идома дорад.

«Чин ба таҳкими ҳамкориҳо ва густриши муносибатҳои дуҷониба мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин мусоидат ба рушди минбаъда ва бунёди ҷомеаи бештар наздики тақдири ягона омода аст», — илова кардааст Го Ҷякун.

Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий