< Мақомоти Қазоқистон беш аз 80 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот додаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мақомоти Қазоқистон беш аз 80 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот додаанд

Мақомоти Қазоқистон беш аз 80 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот додаанд
​​Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 17-уми январ хабар дода, навиштааст, ки ин автобуси байналмилалӣ дар шаҳри Кокшетау вилояти Оқмола боздошта шуд. Маълум нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом самт сафар доштанд. Аксаран шаҳрвандони Тоҷикитстон тавассути Қазоқистон ба Русия мераванд ё бармегарданд.

Ба гуфтаи мақомоти қазоқ, мусофирон ба як меҳмонхонаи шаҳрӣ интиқол ёфта, ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шудааст. Мусофирони тоҷик аз мақомоти қазоқ барои кумакашон сипосгузорӣ кардаанд.

Ҳодисаи аз сардӣ наҷот додани муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Қазоқистон нав нест. Қаблан, низ мақомоти ин кишвар чанд нафарро, ки аз Русия тариқи ин кишвар ба Тоҷикистон бермегаштанду автобусашон дар роҳ вайрон шуд, наҷот дода буданд.

Бояд гуфт, ки бо далели гарон будани чиптаҳои ҳавопаймои Русия ва Тоҷикистон аксари муҳоҷирон тавассути автобус ба ватан бармегарданд.

Сарчашма: asiaplustj.info​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий