Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Зафаробод расид
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, 10 январ дар Қасри фарҳанги ноҳия ва дар маркази ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба сокинон китоби «Шоҳнома» тақдим гардид.
Иброз гардид, ки туҳфаи ин асари безавол ба ҳар хонадон иқдоми навбатии Роҳбари давлат дар самти баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии сокинон ба ҳисоб меравад.
«Шоҳнома» ҳамчун бузургтарин ёдгории таърихию адабии ҷаҳони тоҷику форс давоми ҳазорсолаи охир манбаи илҳом, худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ гардидааст. Ин асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо забони хирад, далерӣ ва ватандӯстӣ таърихи пурифтихори ниёгони моро ба наслҳои нав меомӯзонад ва онҳоро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ мекунад.
Фаъолон ва собиқадорони ноҳия иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо руҳияи баланди ватандӯстона истиқбол намуда, миннатдории самимии худро ба Сарвари давлат баён намуданд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)