< Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид

Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид
​Ҳайати ҷонибҳоро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Никлас Вагнер роҳбарӣ намуданд.

Аснои музокирот оид  ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин илму маориф ва фарҳанг мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Ҳамзамон масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, робитаҳои ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатҳо қарор гирифтанд.

Тарафҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятнок изҳори омодагӣ намуданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий