< Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
​Дар вохӯрӣ Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки Арабистони Саудӣ яке аз нахустин давлатҳоест, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро расман эътироф карда, робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратию фарҳангиро барқарор намуд. Муносибатҳои тиҷоратӣ байни давлатҳои мо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Раиси Маҷлиси намояндагон иброз намуд, ки ба имзо расидани Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба таъсиси Шурои муштараки соҳибкорони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон қадами устувор дар самти рушди тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми доимамалкунандаи касбӣ буда, ба пешрафти ҳамаҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва муносибатҳои соҳибкорони ду давлат мусоидат менамояд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий