"Қаноатбахш". Боздиди муовини вазири маориф аз Мактаби Президентӣ ва гимназия "Кафолат"
Гуфта мешавад, ки зимни боздид омодагии омӯзгорону хонандагон ва ҷамъбасти чоряки 2 ва нимсолаи 1, ҳозиршавии хонандагон ба дарсҳо, риояи сару либоси талабагӣ, таъминоти кадрӣ ва аз худ намудани барномаҳои таълимӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.
«Ҳамчунин, аз ҷониби муовини вазир фаъолияти муассисаҳои таълимии мазкур қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баробари доштани дастовардҳои назаррас дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъоланаи хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявии „Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст“, „Илм — фурӯғи маърифат“ ва"Тоҷикистон — Ватани азизи ман« таъкидҳо сурат гирифт», — зикр мегардад дар иттилоияи маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.
Манбаъ меафзояд, ки муовини вазир ҷиҳати омузиши забонҳои русию англисӣ, дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 ва дар руҳияи эҷодкорию навоварӣ тарбият намудани хонандагон дастуру супоришҳои мушахас дод.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)